Аз мақомоти вилояти Бодканд гуфтанд, созиш дар ин бора миёни раиси вилояти Бодканд Абдикарим Олимбоев ва раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон Хайрулло Бозоров ҳосил шудааст.
Мактаби нав дар пайи гимназияи куҳнае бунёд мешавад, ки 70 соли пеш сохта шуда буд. Шарт ва шароити бунёди мактаби нав иттилоъ дода намешавад.
Дар Қирғизистон 2262 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ мавҷуд аст. Дар соли 2018 мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки наздики 200 мактаб дар он кишвар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва ҳамзамон Қирғизистон қариб ба 600 мактаби иловагӣ ниёз дорад.