Ссылки доступа

Сенати ИМА барои рақобат бо Чин $250 млрд ҷудо мекунад


Чак Шумер
Чак Шумер

Сенати Конгресси Амрико рӯзи сешанбе лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки ҷудо кардани 250 миллиард доллар барои сармоягузории пажӯҳишҳои илмӣ дар мавриди истеҳсолоти технологии баландро пешбинӣ мекунад

Ҳадафи қонуни нав ҳифзи пештозии ИМА дар баробари Чин дар бахши навоварӣ аст.

Банди асосии лоиҳаи қонун дастгирии саноати нимноқилии амрикоӣ ва ҷудо кардани 50 миллиард доллар сармояи давлатиро барои он пешбинӣ мекунад. ИМА соли 1990 37 дарсади нимноқилҳо дар ҷаҳонро таъмин мекард ва ҳоло ин ин рақам ба 12 дарсад поин омадааст. Қонунгузорҳои амрикоӣ нигаронанд, ки ИМА дар ин бахши муҳим барои рушди соҳаи технология аз ҳад зиёд вобастаи истеҳсолоти хориҷӣ мешавад.

​Бинобар ин, бо мақсади тавсеаи коркардҳое, ки боиси пешрафти технологӣ хоҳанд шуд, ба марказҳои пажӯҳишии давлативу хусусӣ ва донишгоҳҳо садҳо миллиард доллар сармоягузорӣ карда мешавад.

Ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун 68 сенатор аз ҳар ду ҳизб раъй дода, 32 нафар зид баромадаанд. Мухолифони қонун мегӯянд, давлат набояд ба равандҳои бозорӣзиёд дохил шавад.

Палатаи намояндагони Конгресс низ лоиҳаи қонуни ҳамсонро баррасӣ дорад.

XS
SM
MD
LG