Ссылки доступа

Ҷабборов аз Эрдуғон дар бораи муассиси нопадидшудаи шабакаи мактабҳои "Сапат" пурсид


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз ҳамтои турки худ Раҷаб Эрдуғон дар бораи бунёдгузори нопадидшудаи шабакаи мактабҳои "Сапат" Орхан Инон дар кишвараш пурсидааст.

Дар ин бора сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев дар посух ба суоли рӯзноманигорон хабар дод, ки пурсиданд, Ҷабборов дар суҳбат бо Эрдуғон қазияи Инонро матраҳ кардааст, ё не.

"Эрдуғон посух дод, ки ӯро намешиносад. Дар борааш маълумот надорад ва низ намехоҳад, ки дар бораи ҷонибдорони ФЕТО чизеро шунавад", - изҳор дошт Султонбоева.

Эрдуғон дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои қирғизаш изҳор дошта, ки "ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаи мубориза бо созмонҳои террористӣ, аз ҷумла ФЕТО-ро баррасӣ карданд".

"ФЕТО" ба Фатҳуллоҳ Гюлен, мухолифи турк тааллуқ дошта, дар Туркия созмони террористӣ эълом шудааст.

Дар панҷ соли гузашта ҳукумати Туркия борҳо аз Қирғизистон хоста буд, ки фаъолияти шабакаи мактабҳои "Сапат" зери раҳбарии Инонро қатъ кунад. Ин мактабҳо ба ҳамкорӣ бо Фатҳуллоҳ Гюлен муттаҳам мешаванд. Ҳукумати Туркия Гюленро барои кудатои нокоми тобистони соли 2016 айбдор мекунад.

Орхан Инони 53-сола президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 31-уми майи имсол дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада, гуфтааст, дар роҳ ба сӯйи хонаашон мебошад.

Ҳамсари вай Райҳон Инон ҳафтаи гузашта гуфт, далелҳое дорад, ки Орхан Инон дар сафорати Туркия дар Бишкек боздошт шуд. Аммо Сафорати Туркия ин иддаоро рад кард.

Эътирозгарон дар Бишкек озодии ӯро талаб мекунанд. Бисёре аз тазоҳургарон ба ин бовар ҳастанд, ки Орхан Инон аз сӯйи ниҳодҳои истихборотии Туркия рабуда шудааст.

XS
SM
MD
LG