Ссылки доступа

Вакили порлумон: аз ронандагони мошинҳои боркаш ҳангоми убури марзи Қазоқистон то $5 ҳазор талаб мекунанд


Вакили порлумони Қирғизистон Таабалдӣ Тиллоев аз девони вазирони кишвараш даъват кард, ки мушкили навбатпоии мошинҳои боркаш дар марз бо Қазоқистонро ҳал кунад.

Ба гуфтаи вай, ҷониби Қазоқистон барои убур аз гузаргоҳи марзӣ аз ронандагони қирғизистонӣ маблағ талаб мекунад.

"Ронандагони мошинҳои боркаш ба ман муроҷиат карданд. Онҳо мегӯянд, барои убури як мошини боркаш 4-5 ҳазор доллар талаб мешавад. Ман даъват мекунам, ки дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё гуфтугӯ сурат гирад. Ҳама медонем, ки вазъи бозорҳои "Дордой", "Қара-Суу" чи гуна аст", - гуфт вакил дар ҷаласаи порлумонии рӯзи 10 июн.

Дар марзи байни Қирғизистон бо Қазоқистон сари чанд вақт ҷамъшавии мошинҳои боркаш мушоҳида мешавад. Дар солҳои гузашта ташдиди назорат дар марз борҳо боиси баҳси ду кишвар шуда буд. Коршиносон аз ҷанги тиҷории Қазоқистон ҳарф мезананд. Баҳси Қирғизистон бо Қазоқистон то Созмони ҷаҳонии тиҷорӣ расида буд.

Қазоқистону Қирғизистон аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд. Ин Иттиҳод гардиши озоди молро дар ҳудуди кишварҳои узв пешбинӣ мекунад. Дар амал кишварҳо нисбати шарикони Иттиҳод монеа эҷод мекунанд.

XS
SM
MD
LG