Ссылки доступа

Дар Қирғизистон тасмим доранд, дар ду соли оянда алоқаи 5G ҷорӣ кунанд


Вазорати рушди рақамии Қирғизистон тасмим дорад, технологияи 5G-ро то охири соли 2023 дар ин кишвар ҷорӣ созад.

Дар ин бора дар консепсияи иқтисоди рақамии Қирғизистон барои солҳои 2021-2023 зикр шудааст.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки то ин замон тамоми зарфиятҳои 4G ҳанӯз истифода нашудааст, аммо бахши телекомуникатсионии Қирғизистон дар остонаи ҷорисозӣ ва истифодаи технологияи 5G қарор дорад.

"Технологияи нав таъхири интиқоли иттилоъро аз байн мебарад ва боиси паҳншавӣ ва амалигардонии ақли маснуӣ мешавад. Ақли маснуиро метавон, дар бунёди "шаҳрҳои ҳушманд", "манзилҳои ҳушманд", идораи фосилавии нақлиёт ва ғайра истифода кард", - шарҳ дод вазир.

XS
SM
MD
LG