Дар ин бора расонаҳои Узбекистон бо такя ба мақомоти зиндонҳои он кишвар иттилоъ медиҳанд.
Рӯзи 8 июн Додгоҳи олии Узбекистон ҷазои Ҷасур Умировро сабуктар ва ҳукмро бо маҳдудсозии озодӣ иваз кардааст.
Ҷабрдида ва наздиконаш гуфтаанд, нисбати овозхон шинояте надоранд.
Рӯзи 2 феврали соли ҷорӣ Ҷасур Умиров дар таҷовузи ноболиғ айбдор ва 4 сол зиндонӣ шуд. Баъдтар ҷабрдида нишондодҳои аввалияашро тағйир дода ва аз додгоҳ хост, ки Умировро озод кунад.
Ҷабрдида гуфтааст, ки сароянда ба ӯ ваъдаи издивоҷро дода буд ва ҳамхобагӣ бо розигии тарафайн сурат гирифтааст.