Ссылки доступа

ИМА: Туркия бояд аз истифодаи мушакҳои русии С-400 даст кашад


Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, дар ихтиёри Туркия қарор доштани муҷтамаи мушакии русии С-400 бо мақоме, ки ин кишвар ҳамчун узви НАТО дорад, носозгор буда, ба амнияти технологияҳои эътилоф ҳам хатарзо аст.

Дар ин бора намояндаи расмии департамент Нед Прайс изҳори назар кардааст. "Муҷтамаи мушакии русии С-400 бо таҷҳизоте, ки НАТО истифода мебарад, носозгор аст. Он ҳамчунин ба амнияти технологияҳои эътилоф хатар эҷод мекунад. Ин муҷтамаъ хилофи уҳдадориҳоест, ки Туркия ҳангоми ворид шудан ба НАТО бар зимма гирифтааст", - изҳор доштааст намояндаи департамент.

Прайс афзуда, ки ИМА ҳамоно аз Анқара даъват мекунад, то аз истифодаи низоми мушакии Русия даст кашад. Зеро Туркия "ҳампаймони дерина ва арзишманд дар доираи НАТО аст".

ИМА моҳи декабри соли 2020 нисбати мақомоти мудофиаи Туркия таҳрим ҷорӣ кард. Гуфта мешуд, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Туркияро барои хариди мушакҳои русии С-400 "ҷазо" диҳад.

Ҳанӯз миёнаҳои соли 2019 мақомоти ИМА гуфта буданд, ки харидории низоми мушакии С-400 аз сӯи Туркия барои ҳавопаймоҳои F-35-и амрикоӣ хатар эҷод мекунанд, зеро мушакҳои С-400 бо ҳавопаймоҳои F-35 мухолифат доранд.

XS
SM
MD
LG