Ссылки доступа

Дар Узбекистон раисони ноҳияҳо дар 2 сол 120000 ҳектар заминро "аз худ кардаанд"


Муовини додситони кулли Узбекистон Шавкатҷон Раҳимов 10 июн дар як нишасти хабарӣ гуфт, раҳбарони маъмуриятҳои маҳаллӣ дар давоми ду соли ахир беш аз 120 000 ҳектар заминро ғорат ё аз худ кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, додситонии Узбекистон дар ду сол зидди беш аз 7500 қарор дар бораи замин эътироз кардааст.

"Додгоҳҳои Узбекистон беш аз 2500 қарори раисон дар бораи заминро бекор карданд. Тибқи Кодекси замини кишвар, зидди 588 кас парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад", - изҳор доштааст Раҳимов.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 8 июн фармони ислоҳоти низоми фурӯш ва ҷудо кардани заминро имзо кард.

Бархе аз коршиносон фармонро "баҳсбарангез" номида, гуфтанд, он вазъро мушкилтар ва кори мансабдорони "заминфурӯш"-ро осонтар мекунад.

XS
SM
MD
LG