Ссылки доступа

Озарбойҷон дар ивази харитаи миннаҳо 15 асири арманиро озод кард


Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, дар ивази харитаи миннаҳо дар ҳудуди минтақаҳои баҳсии Қарабоғи Куҳӣ 15 асири низомии арманиро ба ихтиёри Арманистон додаанд.

Никол Пашинян, иҷрокунандаи вазифаи сарвазирии Арманистон рӯзи шанбеи 12 июн ин хабарро тасдиқ кард.

Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, харитаҳое, ки Арманистон ба ихтиёри онҳо додааст, ҷойгиршавии наздики 100 ҳазор миннаро дар ноҳияи Агдами Қарабоғи Куҳӣ нишон медиҳанд.

Таслими асирон дар марзи байни Озарбойҷон бо Гурҷистон бо ҳузури намояндагони Гурҷистон сурат гирифтааст.

Теъдоди асирони низомӣ ва дигар шаҳрвандони Арманистон, ки ҳангоми ҷангҳои охири соли гузашта аз сӯи низомиёни Озарбойҷон боздошт шуданд, ҳамоно номаълум аст.

Моҳи марти имсол Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон гуфт, 249 арманистонӣ дар Озарбойҷон асир ҳастанд.

XS
SM
MD
LG