Ссылки доступа

Ҳукумати Сирдарё видеои "пулчаспонӣ"-и мансабдорон ба раққосаи нимурёнро шарҳ дод


Маъмурияти вилояти Сирдарёи Узбекистон видеои "пулдиҳӣ"-и мансабдорони маъмурияти ноҳиявӣ ва раҳбарони корхонаҳои давлатӣ ба раққосаи нимурёнро, ки баҳси тундеро ба миён овард, шарҳ дод.

Ба огаҳии маъмурияти Сирдарё, ҳодиса моҳи октябри соли гузашта дар тарабхонаи "Евро Азия" рух додааст.

Дар миёни мансабдорон муовини раиси ноҳия (он замон ёвари раис), сардори шуъбаи ободонӣ, мутахассиси пешбари Нозироти ҳифзи муҳити зисти ноҳия низ ҳастанд.

"Он шаб мансабдорони мазкур дар тарабхона нишаста буданд ва ногаҳ духтаре, ки дар тарабхона хидмат мерасонд, ба назди онҳо медарояд. Ин амали ӯ ба мансабдорон писанд намеояд ва ба вай пул дода, хоҳиш мекунанд, ки утоқро тарк кунад", - гуфтанд дар маъмурияти Сирдарё.
Наворро яке аз мансабдорон сабт кардааст.
Маъмурияти Сирдарё афзуда, ки бо раҳбарияти тарабхона суҳбат анҷом шуда, ба хидматчиёни давлатӣ амр шудааст, ки қоидаҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятиро риоя кунанд.
Ҳамчунин дар робита ба ҳодисаи мазкур гӯиё чораҳои қатъӣ, аз ҷумла барканорӣ аз мақом андешида шудааст. Вале манбаъ дақиқ нагуфта, ки кадом мансабдор аз мақомаш барканор гаштааст.

XS
SM
MD
LG