Ссылки доступа

Дипломи муовини пешини раиси порлумони Қирғизистон қалбакӣ будааст


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, дипломе, ки вакили порлумони он кишвар аз ҷиноҳи "ҲСДҚ" Зулпукаров Торобой истифода мекард, қалбакӣ баромадааст.

Ба огаҳии кумита, гумонбар соли 1998 ба иллати напардохтани пули таҳсил аз курси севум, аз факултети таърихи Донишгоҳи миллии Қирғизистон хориҷ карда шудааст. Вале ӯ ҳангоми вакили порлумон будан барои дохил шудан ба Донишгоҳи шаҳри Ӯш ва дарёфти маълумоти олии дувум дипломи сохтаро истифода кардааст.

Тавре аз Донишгоҳи миллии Қирғизистон хабар доданд, номи вакили қирғиз дар миёни хатмкунандагони ин таълимгоҳ нест ва ҳамчунин дипломе, ки намояндаи "ҲСДҚ" истифода кардааст, сохта мебошад.

Зулпукаров Торобой, ки солҳои 2012-2015 муовини раиси порлумони Қирғизистон буд, 31 май ҳамроҳи раиси пешини порлумони он кишвар Асилбек Ҷеенбеков дар доираи парвандаи ҷиноии кони тилои Қумтор дастгир карда шудааст.

XS
SM
MD
LG