Коромадии воксина 90,4 дарсадро нишон додааст. Дар озмоиш наздики 30 ҳазор довталаб аз ИМА ва Мексика ширкат кардаанд.
Novavax тасмим дорад, барои сабти номи воксин дархост диҳад. Айни замон дар ИМА воксинҳои Pfizer-BioNTech, Moderna ва Johnson & Johnson барои истифода иҷозат дода шудаанд. Дар Амрико бештар аз 140 миллион кас, яъне бештар аз 40 дарсади аҳолии он кишвар зидди вабои коронавирус воксин гирифтаанд. Расонаҳои амрикоӣ менависанд, ин кишвар дар дастрасӣ ба воксин мушкилӣ надорад ва метавонад, воксини Novavax-ро ба кишварҳои дигар содир кунад.