Ссылки доступа

Таҷаммуи фаъолони қазоқ дар рӯзи сафари фиристодаи Амрико


Гуруҳе аз фаъолони мадании Қазоқистон 14 июн дар назди бинои сафорати ИМА дар он кишвар ҷамъ шуда, Вашингтонро ба ҳимояти онҳое даъват карданд, ки ба "иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ" айбдор мешаванд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар рӯзи вохӯрии фиристодаи махсуси Амрико Залмай Халилзод бо раҳбарияти Қазоқистон баргузор шуд.

Ҳамчунин ба таҷаммуи сокинон талаби додситон сабаб шуд, ки рӯзи душанбе хост, фаъоли маданӣ Аскар Каирбек 1,5 сол аз озодӣ маҳрум шавад. Каирбек ба иштирок дар фаъолияти ҳаракатҳои мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ва "Көше партиясӣ" гумонбар аст.

Ба ҷуз Каирбек, даҳҳо фаъоли мадании дигар дар саросари Қазоқистон ба иштирок дар фаъолияти ҳаракатҳои мамнуъ гумонбар мешаванд.

Нурсултон ин ду ҳаракати мухолифро "экстремистӣ" эълом кардааст. Дар ҳоле ки онҳо дар қатъномаи Порлумони Аврупо "созмонҳои осоишта" номида шудаанд.

XS
SM
MD
LG