Ссылки доступа

Вакилони мудофеи муттаҳамони парвандаи "Астана LRT" ҳукми додгоҳро ноодилона медонанд


Вакилони мудофеи маҳкумшудаҳои парвандаи "Астана LRT" рӯзи 15 июн дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфтанд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Ҳукми парвандаи ғорати маблағҳои сохтмони тарҳи метрои рӯизаминӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон охири моҳи гузашта эълом шуд. Додгоҳ ҳафт нафарро аз 7 то 10-солӣ зиндон кард.

Жазира Жаншуакова, вакили мудофеи чанд тан аз маҳкумшудаҳо дар ҳурузи рӯзноманигорон гуфт, додгоҳ ҷузъиёти парвандаро ба эътибор нагирифта, ҳукми ғайриқонунӣ содир кардааст.

Маҳкумшудаҳо ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят бурдаанд. Қарор аст, дар рӯзҳои оянда шикояти онҳо баррасӣ шавад.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон метрои маъруф ба рӯизаминӣ мебоист, мусофиронро аз дохили шаҳр то фурудгоҳ ва вокзали роҳи оҳан расонад. Қисме аз пояҳои ин метро сохта, аммо сохтмон то ба охир нарасидааст. Мақомоти Қазоқистон ширкатҳои сохтмониро дар ғорати маблағи тарҳи мазкур айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG