Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, намояндагони "My 5" 14 июн барои бозтоби сӯхтори бозоре ба маҳаллӣ ҳодиса рафтанд ва ба назди рӯзноманигорон намояндаи маъмурияти ноҳия Илҳом Бобоев баромадааст.
Бобоев ба намояндагони телевизион дарафтода, корти хотираи дурбини аккосиро, ки ҳама аксҳо дар он нигаҳдорӣ мешуданд, гирифта "хоидааст".
"Корманди хадамоти матбуотии маъмурияти ноҳия дар рафти наворгирии маҳалли сӯхтор монеа эҷод кард. Ӯ ногаҳон корти хотираи дурбинро гирифта, ба даҳонаш андохт ва хоид. Дар он маълумоти муҳим буд. Кормандони пулис дахолат карда, амалҳои Бобоевро пешгирӣ карданд, вале мо бе корти хотира мондем", - иқтибос овардаанд расонаҳо аз суханони рӯзноманигори "My 5".
Дар маъмурияти вилояти Самарқанд, ки ноҳияи Иштихон тобеи он аст, гуфтанд, ҳодисаро тафтиш доранд.