Ссылки доступа

Кишоварзони Қирғизистон аз камобӣ шикоят доранд (видео)


Кишоварзони Қирғизистон аз мақомот талаб доранд, ки онҳоро бо оби полезӣ таъмин кунанд. Ба гуфтаи кишоварзон, агар вазъ як ҳафтаи дигар чунин идома ёбад, зироатҳояшон пурра хушк хоҳанд шуд.

В Кыргызстане из-за нехватки воды может погибнуть урожай
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:49 0:00

Кишоварз аз вилояти Чуйи Қирғизистон Анатолий Косарев мегӯяд, як моҳ мешавад, ки дар навбати об истодааст. "Фикр мекунам, ҳудуди як ҳафтаи дигар тоб меорад ва баъд хушкшавиро оғоз мекунад. Об намерасад ва замин ҳам аллакай қоқ шудааст. Дар кишти ин ҷуворимака пули зиёде харҷ кардаам ва касе онро ба ман намегардонад", - изҳор медорад ӯ.

Дар минтақае, ки Косарев бо кишоварзӣ машғул аст, ҳудуди ду ҳазор ҳектар замини корам мавҷуд мебошад ва ҳамаи соҳибони ин заминҳо ҳоло бо мушкили норасоии об рӯбарӯ ҳастанд. Ба гуфтаи кишоварзони Чуй, сатҳи об дар рӯдхонае, ки онҳо истифода мебаранд, назар ба соли гузашта имсол се баробар камтар аст.

"30 дарсади зироат аллакай хушк шудааст. Дигар он ҳосиле, ки бояд мегирифтем, нахоҳем гирифт. Вазъ буҳронӣ аст ва амнияти ғизоии Қирғизистон ҳам хатчадор хоҳад шуд", - мегӯяд кишоварзи дигари Чуй Майрамбек Беркутбаев.

XS
SM
MD
LG