Ссылки доступа

Дар Туркманистон қарздорони газро аз навбат барои хариди маҳсулот берун мекунанд


Мақомоти Туркманистон дар вилояти Лебап сокинонро барои қарздорӣ аз ҳаққи истифодаи газ аз навбатпоӣ барои хариди маҳсулоти нисбатан арзон маҳрум мекунанд.

Аз сокинони қарздор талаб карда мешавад, ки маблағи истифодаи газро нақд пардохт кунанд. Сокинон мегӯянд, ба далели буҳрони иқтисодӣ дар он кишвар дар даст маблағи нақб надоранд. Ба ин тартиб, мақомот ҳазорон сокини аз газ қарздорро аз харидани гӯшт, равған ва шакари арзон маҳрум кардаанд.

Як манбаъ мегӯянд, бештари қарздорон хонаводаҳои камбизоат ва маъюб ҳастанд.

Туркманистон дар ҷаҳон чаҳорумин кишвари дорои захираи ғании гази табиӣ аст. Ин ҳаҷми захира натавонистааст, иқтисоди Туркманистонро аз буҳрон наҷот диҳад.

XS
SM
MD
LG