Ссылки доступа

Дар Узбекистон аз корхонаву муассисаҳои давлатӣ талаб доранд, дар ислоҳоти президент сармоягузорӣ кунанд


Барои таблиғи ислоҳоти президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз буҷаи он давлат миллиардҳо сӯм харҷ мешавад.

Азиз Абдуҳакимов, муовини сарвазири Узбекистон ташаббускори таблиғи ислоҳоти президент аст ва аз корхонаву муассисаҳои давлатӣ талаб кардааст, ки барои таблиғи ислоҳот сармоягузорӣ кунанд.

Дар номае, ки дастраси расонаҳо шуд, Абдуҳакимов ба вазоратҳо, муассисаҳои давлатӣ ва бонкҳои тиҷорӣ дастур додааст, ки ба суратҳисоби Эътилофи миллии расонаҳои электронии Узбекистон маблағ интиқол диҳанд. Ин маблағ барои иттилоърасонии фаврӣ дар бораи "ислоҳот" равона мешавад, омадааст дар номаи муовини сарвазири он кишвар.

XS
SM
MD
LG