Ссылки доступа

Додгоҳ хост, сарвазири пешини Қирғизистон дар ҳабс бимонад


Додгоҳи шаҳри Бишкек дархости тағйири ҳукми собиқ сарвазири Қирғизистон Омурбек Бабановро, ки дар доираи парвандаи фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи "Қумтор" ба муҳлати ду моҳ ҳабс шудааст, рад кард.

Вакили дифои Бабанов аз додгоҳ дархост карда буд, ки ҳабси пешакии шахси зери ҳимояи ӯро, ки то 31 июл муқаррар шудааст, ба ҳабси хонагӣ тағйир диҳад. Дар ҳамин ҳол ҷонибдорони Бабанов, ки дар назди бинои додгоҳ эътироз мекарданд, гуфтанд, ба сӯи бинои ҳукумати Қирғизистон хоҳанд рафт. Онҳо Бабановро бегуноҳ номида, озодии ӯро талаб доранд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 31 майи имсол Омурбек Бабановро дар доираи парвандаи фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи "Қумтор" боздошт кард.

КДАМ гуфт, Бабанов дар асоси иттилое боздошт шудааст, ки дар рафти тафтишот ба даст омадааст.

Омурбек Бабанов, муассис ва роҳбари пешини ҳизби сиёсии "Республика" аз моҳи январ то октябри соли 2009 ноиб-аввали сарвазири Қирғизистон буд. Моҳи апрели ҳамон сол байни ҳукумати Қирғизистон ва ширкати канадагии "Сентерра" бо шартҳои нави ҳамкорӣ дар мавриди коркарди кони тилои "Қумтор" созишнома баста шуд.

Солҳои 2011-2012 Бабанов сарвазири Қирғизистон буд ва он замон низ чанд қарор дар робита ба "Қумтор" қабул шуд. Вакили мудофеи Бабанов гуфт, ки ӯро дар мавриди сарвазириаш бозпурсӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG