Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ба далели эҳтимоли пайдоиши навъи нави коронавирус маҳдудиятҳои карантинӣ бармегарданд


Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи 22 июни ҳукумати он кишвар дастур дод, ки талаботи беҳдоштиву эпидемиологӣ дар шаҳри Нурсултон сахттар карда шавад.

Эҳтимол меравад, дар Қазоқистон навъи нави вабои коронавирус, ки ба "навъи ҳиндӣ" маъруф аст, пайдо шуда бошад.

Аскар Мамин гуфт, афзоиши гирифторони коронавирус дар пойтахти Қазоқистон шаҳодати он аст, ки чораҷӯии кофӣ сурат намегирад ва воксинзанӣ ҳам суръат надорад.

Ёралӣ Тугжанов, муовини сарвазири Қазоқистон гуфт, комисияи пешгирӣ аз вабои коронавирус дар фурсатҳои наздик бо баргузории ҷаласа маҳдудиятҳои карантиниро дар шаҳри Нурсултон ва дигар минтақаҳои Қазоқистон барррасӣ мекунад.

Шаҳри Нурсултон шомили минтақаҳои "сурх" аст. Дар ин шаҳр густариши бо суръати вабои коронавирус сабт мешавад. Рӯзи гузашта дар Нурсултон 323 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG