Ссылки доступа

Пеш аз сафари Мирзиёев ба занҳо дастур доданд, нақши "дузанда"-ро бозанд


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар сафараш ба вилояти Андиҷони он кишвар аз фаъолияти корхонаи дузандагии "And gold" дидан кард.

Як сокини вилояти Андиҷон дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи сафари Мирзиёев занҳои маҳаллаҳои наздикро даъват ва дастур доданд, ки дар ҳузури президент нақши дузандаҳоро бозанд.

Дар наворе, ки маркази матбуотии президенти Узбекистон нашр кард, занҳое сабт шудаанд, ки либоси якранга доранд ва худро дузанда муаррифӣ мекунанд.

Ба иттилои расмӣ, корхонаи нави дузандагӣ дар Андиҷон бо 2,5 миллион доллари ИМА сохта шудааст.

Расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки дар ин корхона то 830 зан фаъолият мекунад.

Аммо сокинони огоҳи Андиҷон гуфтанд, таъсиси корхона ва бо кор таъмин кардани занҳо "фиреби назар буд".

Мирзиёев рӯзҳои 17-18 июн ба вилояти Андиҷон рафта буд.

XS
SM
MD
LG