Ссылки доступа

Мусофиркашонии "автобусҳои узбекӣ" дар пойтахти Қирғизистон


Автобусы ISUZU прибыли из Узбекистана в Бишкек
Автобусы ISUZU прибыли из Узбекистана в Бишкек

Рӯзи 22 июн дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон 50 автобуси нави "ISUZU"-и истеҳсоли Узбекистон мусофиркашониро оғоз карданд.

Қарор аст, ба пойтахти Қирғизистон ҷамъан 350 адад автобуси "ISUZU" ворид карда шавад.

Автобусҳо 6,9 метр дарозӣ, ду дар ва 16 ҷои нишаст доранду барои 38 кас пешбинӣ шудааст. 50 автобуси нав дар 5 масир мусофир мекашонанд.

Автобусҳоро ширкати "Эко Пассажирские перевозкӣ" харидорӣ карда, барои онҳо аз буҷаи шаҳрдорӣ пул ҷудо нашудааст.

Дар шаҳрдории Бишкек гуфтанд, ки нархи автобусҳоро намедонанд ва масъулони ширкат низ аз гуфтани он худдорӣ карданд.

Дар сомонаи ширкати "ISUZU"-и Узбекистон нархи як автобус 358 миллион сӯм - беш аз 33 ҳазор доллар гуфта шудааст.

XS
SM
MD
LG