Ссылки доступа

134 сарбози Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд


Афганским военным разрешили беспрепятственно пройти на территорию Таджикистана. Фото пресс-центра погранвойск ГКНБ Таджикистана

Мақомоти расмии Тоҷикистон эълон карданд, ки бештар аз 100 сарбози давлати Афғонистон дар ҷанг бо Толибон ақибнишинӣ карда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд.

Раёсати неруҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи 22-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт: “Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и санаи 22-юми июн идома ёфт, 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд... сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд.”

Дар баёнияи кумита, ки дар расонаҳои давлатӣ нашр шуд, омадааст, яке аз сарбозони афғон ҳалок шудааст ва чаҳор нафари дигарашон захмӣ ҳастанд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки захмиён дар шифохонаи ноҳияи Ҷайҳун муолиҷа мешаванд. Ба гуфтаи кумита, сарҳадбонони тоҷик бо назардошти қавонони башарӣ ва “ҳусни ҳамҷаворӣ маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд.”

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон вазъ дар сарҳад бо Афғонистонро мураккаб номида ва гуфтааст, ки 100 сарбози афғон дар ҷанг бо Толибон ё кушта шудаанд ва ё ба асорати ин гуруҳи ифротгаро афтодаанд. Дар баёния омадааст, ки дар даҳ рӯзи ахир дар чаҳор вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷанг байни Толибону неруҳои давлатии Афғонистон идома дорад ва “ноҳияҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ду гузаргоҳ – «Шерхон Бандар» ва «Кокул» ба дасти Толибон гузаштанд.”

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади бештар аз 1300 километрӣ дорад, то ҳол шоҳиди ақибнишинии сарбозони афғон ба қаламрави кишвар нашуда буд. Мақомоти расмӣ чанд рӯз пеш аз эҳтимоли вуруди паноҳандагони афғон ҳам ҳушдор дода буданд.

Аз ин пештар фиристодаи хоси Созмони Милал дар Афғонистон рӯзи 22-уми июн гуфт, аз моҳи май ба инҷониб Толибон аз миёни 370 ноҳияи Афғонистон 50 - тои онро ишғол кардаанд ва ҳушдор дод, ки афзоиши муноқиша “ба маънии ноамнии афзоянда барои кишварҳои дуру наздик аст.”

Пеш аз ақибнишинии сарбозони афғон ба Тоҷикистон гузориш расид, ки Толибон яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои сарҳадии байни ду кишварро ишғол кардаанд. Гузаргоҳи Шерхон Бандар 50 километр дуртар аз шаҳри Кундуз ва бо ноҳияи Панҷи Тоҷикистон ҳаммарз аст. Гузаргоҳи марзӣ баъди ишғоли ноҳияи Имом Соҳиб дар Қундуз ба дасти Толибон афтод ва як гузаргоҳи муҳиме аст, ки аз тариқи он молу колои зиёд ба ду кишвар интиқол меёбад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, ки субҳи имрӯз Шерхон Бандар таҳти тасарруфи ин гурӯҳ даромад. Ӯ иддао кардааст, ки нерӯҳои амнияти афғон ба ҳама аслиҳа ва таҷҳизоташон ба Толибон "якҷо" шудаанд. Мақомоти расмии Афғонистон ин гуфтаро шарҳ надодаанд.

Шерхон Бандар дар он сӯи рӯдхонаи Панҷ аст ва як пули 700 метрӣ онро бо Тоҷикистон мепайвандад. Пулро соли 2007 барои тақвияти тиҷорат байни Тоҷикистону Афғонистон ба истифода доданд. Аз он рӯзона то 1000 мошини боркаш мегузашт. Неруҳои байналмилалӣ, ки ба сарбозони афғон кумак мекарданд, ҳоло дар ҷараёни тарки Афғонистон ҳастанд, чун Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки то рӯзи 11-уми сентябр сарбозони кишварашро, ки 20 сол онҷо буданд, аз Афғонистон берун мекунад.

Неруҳои Афғонистон муқовимат ба Толибонро идома медиҳанд ва вазорати дифоъ гуфт, ки рӯзи 22-уми июн ду ноҳияи вилояти Балх ва Бағлонро аз дасти Толибон гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG