Ссылки доступа

Ишқобод гаронтарин шаҳри дунё барои кормандони хориҷӣ


Шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон дар раддабандии гаронтарин шаҳрҳо барои кормандони хориҷӣ, ки аз сӯи ширкати байналмилалии машваратии Mercer, қароргоҳаш дар шаҳри Ню-Йорк, таҳия мешавад, мақоми аввалро касб кардааст.

Пойтахти Туркманистон соли гузашта дар ин раддабандӣ мақоми дувумро касб карда буд. Муаллифон мегӯянд, гароншавии зиндагӣ дар Ишқобод ба буҳрони молие рабт дорад, ки боиси беқурбшавии пули миллӣ ва норасоии маводи ғизоӣ дар Туркманистон шудааст.

Ба раддабандии мазкур 209 шаҳр шомил шуда, муаллифон ҳангоми таҳияи он арзиши ҷои зист, нақлиёт, маводи ғизоӣ ва беш аз 200 навъи молу хидматрасониро ба инобат мегиранд.

Ба панҷгонаи аввал дар баробари Ишқобод Ҳонгконг, Бейрут ва Токио ҳам шомил шудаанд. Бейрут дар давоми як сол аз мақоми 45-ум ба севум баромадааст. Mercer инро ба рушди буҳрони иқтисодие рабт додааст,ки дар пайи пандемияи коронавирус дар Лубнон ба миён омадааст.

XS
SM
MD
LG