Ссылки доступа

Дар Қазоқистон аз кормандони бахши хидматрасонӣ талаби воксингириро доранд


Дар Қазоқистон аз кормандони бахши хидматрасонӣ талаб доранд, ки дар сурати саркашӣ аз гирифтани воксинаи зидди коронавирус ҳар ҳафта аз ташхиси коронавирус гузаранд.

Дар ин бора вазири ҳифзи тандурустии он кишвар Алексей Тсой рӯзи 23 июн хабар дод.

Айни замон арзиши як ташхиси коронавирус дар Қазоқистон наздики 17 доллар аст. Ба ин тартиб, ташхиси якмоҳаи коронавирус қариб ба 70 доллар баробар мешавад.

Рӯзи 22 июн ноиб-сарвазири Қазоқистон Ёралӣ Тугжанов ба мақомоти бахши тандурустии кишвараш дастур дод, ки чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавирусро сахттар кунанд. Ба вижа вай дастур дод, фаъолияти кормандони бахши хизматрасонӣ, ки воксин нагирифтаанд, маҳдуд карда шавад.

Рӯзи 23 июн мақомоти Қазоқистон гуфтанд, навъи ҳиндии коронавирус дар шаҳри Алмато сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG