Ссылки доступа

Фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон ба қабули шабонарӯзии ташхисҳои коронавирус шуруъ кард


Озмоишгоҳи фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон ба таври шабонарӯзӣ ба ташхиси фаврии COVID-19 шуруъ кард.

Фаъолияти шабонарӯзии ин озмоишгоҳ аз 22 июн шуруъ шуд.

"Фурудгоҳи "Манас" аз мусофирон хоҳиш мекунад, ки 5-6 соат пеш аз парвоз дар фурудгоҳ ҳозир шаванд ва аз ташхис гузаранд", - омадааст дар хабари маркази матбуотӣ.

Арзиши як ташхиси наздики 40 долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG