Ссылки доступа

Дар Алмато ҷонибдорони Кунболатулӣ раҳоии ӯро талаб доранд


Даҳҳо нафар рӯзи 24 июн дар назди бинои шуъбаи пулиси ноҳияи Медеуи шаҳри Алматои Қазоқистон ҷамъ шуда, озодии фаъоли маданӣ Байболат Кунболатулиро талаб карданд.

Додгоҳ ҳафтаи равон фаъоли мадании қазоқ Байболат Кунболатулиро барои "ташкили тазоҳуроти бидуни иҷозат" дар назди консулгарии Чин дар Алмато 15 рӯз ҳабси маъмурӣ кард.

Дар миёни таҷаммуъгарон наздикону пайвандони фаъоли маданӣ ва онҳое низ буданд, ки бо талаби қатъи таъқиби қазоқтаборони Шинҷон дар назди консулгарии Чин гирдиҳамоӣ мекарданд.

Намояндаи шуъбаи пулис ба назди тазоҳургарон баромада, гуфт, Байболат Кунболатулӣ дар шуъба нест. Сипас додситони ноҳия ба назди эътирозгарон рафта, ҳушдор дод, ки таҷаммуашон бидуни иҷозат аст, вале ба ин нигоҳ накарда тазоҳургарон пароканда нашуданд.

Иқдоми қазоқтаборон пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 8 феврали соли ҷорӣ шуруъ шуд. Бархе аз онҳо мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG