Ссылки доступа

Тоҷикистон ду ниҳоди дигарро барои мубориза бо терроризм масъул кард


Депутаты Маджлиси намояндагон, нижней палаты парламента Таджикистана

Вакилони парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи 23-уми июн аз тарҳи тағйири қонун дар бораи муқовимат ба терроризм ҷонибдорӣ карда гуфтанд, ҳадаф аз он тақвияти мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок дар кишвар аст.

Бо ислоҳи ин қонун, Додситонии кулл ва Оҷонси мубориза бо маводи нашъаовар низ ба шумори ниҳодҳои муборизакунанда бо терроризм шомил шуданд.

Шараф Каримзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар назди вакилон гуфт, тибқи қонунҳои амалкунанда, "Прокуратураи генералӣ вақолатҳои муайянро дар ин самт дошт, вале дар қонун он ҳамчун субъекти бевосита бо тероризм муқовиматкунанда пешбинӣ нашуда буд. Ваколатҳояш нишон дода шудааст. Умуман тамоми ваколатҳо мушаххас шуданд".

Вазорати умури дохилӣ гуфтааст, ки танҳо дар соли гузашта 271 нафарро бо иттиҳоми терроризм ва ифротгароӣ боздошт кардаанд. Мақомот мегӯянд, тероризм аз роҳҳои муосир, аз ҷумла фазои иттилоотӣ бештар паҳн мешавад ва барои ҳамин роҳҳои нави мубориза бо онро бояд ба роҳ монд.

Каримзода маъракаҳои иттилоотиро яке аз чораҳои муассири мубориза бо терроризм хонад. Ӯ гуфт, "барои он ки ба ин таҳдидҳои муосир муқовимат намоем, бояд дар ҷавоб давлат низ чорабиниҳои иттилоотиро пурзур намояд. Аз ҷумла, масъулияти шаҳрвандон, ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин мубориза бояд баланд намояд, то ин ки натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оянд".

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамзамон барои он бисёр танқид мешунавад, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризм дигарандешон ва озодиҳои бунёдии инсонро маҳдуд мекунад. Созмони Милал ҳам гуфтааст, ки ҳаққи қонунии ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бо терроризм мубориза барад, аммо дар ин миён набояд ҳуқуқу озодиҳои мардумро қурбон кунад.

XS
SM
MD
LG