Ссылки доступа

Ноиб-сарвазири Русия: дар сохтмонҳо 5 млн муҳоҷири меҳнатӣ намерасад


Вице-премьер РФ Марат Хуснуллин
Вице-премьер РФ Марат Хуснуллин

Дар ду соли оянда ба сохтмонҳои Русия бояд наздики 5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ ҷалб карда шавад, гуфт Марат Хуснуллин, ноиб-сарвазири Русия рӯзи панҷшанбеи 24 июн.

Вай аз губернаторҳои вилоятҳои Русия даъват кард, ки масоили ҳуқуқии ҳалли ин мушкилро коркард кунанд.

Хабаргузории "Интерфакс" менависад, дар ибтидои моҳи марти имсол вазорати сохтмони Русия аз норасоии наздики 1,2 миллион коргар дар сохтмонҳо хабар дода буд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти пажуҳишии Русия мегӯянд, дар даҳ соли оянда аҳолии қобили меҳнати Русия 7 миллион кам мешавад.

XS
SM
MD
LG