Ссылки доступа

Узбекистон 53 сарбози Афғонистонро баргардонд. Онҳо дар пайи ҳамлаи толибон ба Узбекистон фирор карданд


Рӯзи 23 июн 53 низомии афғонистонӣ марзи Узбекистонро дар ноҳияи Шортепа убур карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ахиран хабар дод, ки "баъди шиносоии низомиён онҳоро ба Афғонистон баргардонидаанд".

"Ҳама гуна талоши убури ғайриқонунии марзи Узбекистон шадидан пешгирӣ карда шуда, нисбати касоне, ки марзи давлатиро ғайриқонунӣ убур мекунанд, чораҷӯӣ карда мешавад", - хабар додааст ВКХ.

Ин вазорати Узбекистон мегӯяд, рӯйдодҳои низомиву сиёсии Афғонистон, аз ҷумла ҳодисаҳои шимоли он кишварро пайгирӣ доранд.

Вазъи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро президентҳои Тоҷикистону Узбекистон дар як суҳбати телефонӣ рӯзи 23 июн баррасӣ карданд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, дар пайи ҳамлаи толибон ба ноҳияҳои шимолии Афғонистон 124 низомии афғон ба сарҳади Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG