Дар ин бора раиси ҳукумати Қирғизистон Улукбек Марипов хабар дода, сокинони кишварашро ба эҳсоси масъулият дар ҳифзи саломатии атрофиён даъват кард.
Ӯ ҳамчунин аз шаҳрвандони Қирғизистон даъват кард, ки аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд. "Ҳамаи мо дар ёд дорем, ки моҳи "июли сиёҳи соли 2020" чи гуна буд. Ҳеч кас такроршавии он ҳодисаи мудҳишро намехоҳад", - афзуд Марипов.
Дар Қирғизистон аз аввали моҳи июн афзоиши шумори мубталоёни коронавирус мушоҳида мешавад. Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, дар он кишвар "авҷи севум"-и коронавирус оғоз шудааст.