Ссылки доступа

Дар фурӯшгоҳу бозорҳои шаҳри Тошканд воксини ройгони зидди коронавирус мезананд


Нуқтаҳои воксинзании зидди коронавирус дар фурӯшгоҳҳо ва бозорҳои калони Узбекистон, инчунин дар бархе мактабҳо ва ноҳияҳо ташкил шудааст.

Мақомоти шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 27 июн нуқтаҳои воксинзаниро нашр карданд.

Охири ҳафтаи гузашта Комисияи ҷумҳуриявии Узбекистон тасмим гирифт, ки ба таври довталабона барои ҳамаи сокинони аз 18-сола болои шаҳри Тошканд воксини ройгон пешниҳод кунад.

Пештар аз ин дар он кишвар воксини ройгон танҳо барои сокинони аз 50-сола боло пешниҳод мешуд.

Воксинзанӣ дар Узбекистон 1 апрели соли ҷорӣ шуруъ шуд. То имрӯз наздики 3,3 миллион мояи воксин дар он кишвар истифода шудааст. 4 дарсади аҳолии Узбекистон воксин зада шудаанд.

XS
SM
MD
LG