Ссылки доступа

Басташавии роҳҳо дар Тошканд тамбашавии чандкилометриро ба бор овард


Басташавии роҳҳои вурудӣ ба шаҳри Тошканди Узбекистон тамбашавии чандкилометриро ба бор овард.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, соати 17:00 рӯзи 27 июн қариб ҳамаи роҳҳои вурудӣ ба шаҳри Тошкандро маҳдуд карданд.

"Ба хотири самараноктар назорат кардани вуруди одамон ба Тошканд ва хориҷшавии онҳо аз шаҳр танҳо чанд нуқтаи назоратӣ боз мемонад", - менависанд расонаҳои Узбекистон.

Ба далели баста будани роҳҳо дар ноҳияи Зангиота тамбашавии чандкилометрии нақлиёт ташкил шудааст.

Комисияи махсуси ҷумҳуриявии Узбекистон пештар аз ин қарор кард, ки шуруъ аз 28 июн то 12 июл вуруди нақлиёт аз ноҳияҳо ба пойтахти Узбекистон маҳдуд мешавад.

XS
SM
MD
LG