Ссылки доступа

Дар Қирғизистон барои зиёндидагони ҷанҷоли марзӣ талаби муҳофизат доранд


Вазорати ҳифзи тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон пешниҳод дорад, ки барои зиёндидагони низои марзии рӯзҳои 28-30 апрели соли ҷорӣ дар вилояти Бодканди он кишвар кафолатҳои иловагии иҷтимоӣ дода шавад.

Вазорат мегӯяд, бояд ба қонун "Дар бораи ҳифзи аъзои хонаводаҳои кушташудагон ва зиёндидагони ҳодисаҳои моҳҳои апрел-июни соли 2010" тағйирот ворид карда шавад. Тағйирот дар сомонаи вазорат нашр шудааст.

Вазорат мегӯяд, бино ба қонуни зикршуда, кӯдакон ва волидони онҳое, ки дар ҳодисаҳои соли 2010 кушта шуданд, ҳармоҳа дар ҳаҷми 3700 сом (ҳудуди 5 ҳазор сомонӣ) кӯмаки иҷтимоӣ дарёфт мекунанд. Ҳамчунин, наболиғон ҳаққи таҳсили ройгон дар муассисаҳои томактабиро доранд ва ҳангоми ворид шудан ба донишгоҳ олӣ соҳиби имтиёз ҳастанд ва инчунин, аз ташхису табобати ройгон баҳраманданд.

Вазорати ҳифзи тандурустӣ ва рушди иҷтимоии аҳолии Қирғизистон пешниҳод дорад, ки ба зиёндидагони низои марзии вилояти Бодканд ҳамин имтиёзҳо дода шавад.

Дар натиҷаи низои марзии рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи бо Тоҷикистон 36 сокини Қирғизистон кушта ва 168 каси дигар маҷруҳ шуд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, аз кушташудаҳо 44 кӯдаки ноболиғ боқӣ монда, аз маҷмуи маҷруҳшудагон мумкин аст, 30 тан маъюб дониста шаванд.

Тарҳи қонун дар сурати қабул мумкин аст, аз моҳи январи соли 2022 ба иҷро дарояд. Барои пӯшонидани харҷҳои нав 3 млн 363 ҳазор сом зарур мешавад.

Рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи байни Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ бархост. Ду тараф якдигарро дар сар задани низоъ муттаҳам карданд.

XS
SM
MD
LG