Ссылки доступа

Санадҳои махфии Вазорати дифои Бритониё дар истгоҳ пайдо шуданд


Низомиёни Бритониё гузаштани киштии "Дефендер" аз соҳили нимҷазираи ишғолии Қримро бо диққат тарҳрезӣ карда, вокуниши хашини нерӯҳои дарёии Русияро ба ин амал аз эҳтимол дур намедонистаанд.

Ин нукта дар санадҳои Вазорати дифои Бритониё, ки дастраси рӯзноманигорони Би-би-сӣ шуданд, зикр шудааст.

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, ки дар наздикии Қрими ишғолӣ дар самти ҳаракати киштии новшикани Бритониё оташи огоҳӣ кушодааст. Дар натиҷа киштӣ самти ҳаракаташро иваз кард. Дар Бритониё оташи огоҳиро рад карданд ва Вазорати мудофиаи он кишвар гуфт, ки ҳеч гуна оташкушоӣ набуд.

Бастаи санадҳои мазкурро як рӯз пеш аз ҳодисаи баҳри Сиёҳ роҳгузаре дар истгоҳи наздикии Лондон пайдо карда, ба рӯзноманигорон додааст. Санадҳо мукотибаи электронӣ ва маводи марбут ба маъмурияти киштии "Дефендер"-ро дар бар мегирифтанд. Аз ҷумла, дар он масири эҳтимолии киштӣ баррасӣ шуда буд.

Бар асоси аснод, дар мавриди масири ҳаракати киштӣ ду гузина - яке тавассути наздикии соҳили Қрим ва дигаре дуртар аз он пешниҳод шуда буд. Вале гузинаи аввал интихоб шудааст. Зеро интихоби гузинаи дувум нишон медод, ки Бритониё даъвои ҳудудии Русия ба Қримро пазируфтааст.

Дар Вазорати дифои Бритониё гум шудани санадҳои махфиро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дар робита ба он тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG