Ссылки доступа

Ширкати қазоқии "АрселорМиттал Темиртау" гуфт, маоши кормандонашро зиёд мекунад


Ширкати "АрселорМиттал Темиртау", ки дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон конҳои ангишт ва корхонаи металлургиро дар ихтиёр дорад, гуфт, аз 1 июли соли равон маоши кормандонашро зиёд хоҳад кард.

Ба огаҳии ширкат, ин тасмим дар асоси "таҳлили ҳаҷми музди меҳнат" дар бахши металлургӣ" ва "болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, хидматрасониҳои коммуналӣ аз аввали соли ҷорӣ" бо иттифоқи касабаи "АрселорМиттал Темиртау" гирифта шудааст.

Ҳамчунин ширкат пештар хабар дода буд, ки дар аввали моҳи июл ба ҳар як кормандаш 150 ҳазор танга (ҳудуди 350 доллар) ҳамчун "кумаки иловагии иҷтимоӣ" пардохт хоҳад кард.

Тасмими баланд кардани маоши кормандон дар пасманзари чандин садама ва ҳодисаҳои нохуш дар "АрселорМиттал Темиртау" гирифта шудааст. Охирин ҳодиса охирҳои моҳи майи имсол дар корхонаи металлургии ширкат дар Темиртау рух дода, ду корманд дар ҳолати вазнин бистарӣ шуданд. Дар пайи ин ҳодиса сокинон ва блогерон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, вазъ дар корхона нигаронкунанда аст.

XS
SM
MD
LG