Ссылки доступа

Зане дар Самарқанд дар эътироз ба тахриби хонааш худро мехост оташ занад


Сокини Самарқанди Узбекистон дар эътироз ба тахриби манзили зисташ мехост, худро дар назди бинои маъмурияти маҳаллӣ оташ занад.

Ба огаҳии дидситонии вилояти Самарқанд, намояндагони мақомот ҳодисаро дар додситонии ноҳияи Самарқанд баррасӣ карданд. Дар ҷараёни баррасӣ тасмим гирифта шудааст, ки манзили зисти ин зан ғайриқонунӣ бунёд шудаааст ва бинобар ин, бояд тахриб шавад. Дар иваз ҳамчун кумак ба зан манзили дигар дода хоҳад шуд.

Охирҳои моҳи ноябри соли гузашта низ як зан дар эътироз ба рафти тафтиши парвандаи марги духтараш худро дар назди бинои додситонии вилояти Самарқанд оташ зада буд. Дар Андиҷон зани дигар моҳи октябри соли 2020 баъди омадани кормандони Бюрои иҷрои иҷборӣ ба манзили зисташ худро оташ зада, кушта буд.

XS
SM
MD
LG