Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон вориди Душанбе шуд


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо ҳадафи анҷоми сафари расмӣ шоми 28-уми июн вориди Душанбе шуд.

Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Сомонаи президенти Тоҷикистон навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари кишвари ҳамсоя “бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб” рафтаанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” навиштааст, ки ин сафар ду рӯз давом мекунад ва дар Душанбе “мулоқоту музокироти сатҳӣ олӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор хоҳанд шуд.”

Нахустин сафари Ҷабборов ба ҳайси раиси ҷумҳур ба Тоҷикистон дар шароите сурат мегирад, ки муносибати Душанбе ва Бишкек сард шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол ҷузъиёти барномаи сафари Ҷабборовро расонаӣ накардаанд. Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар аз мақомоти тоҷик ва ҳам Сафорати Қирғизистон дар Душанбе то ин дам бенатиҷа буд.

Аз ин пеш, мушоҳида шуд, ки дар фурудгоҳ ва хиёбонҳои Душанбе омодагии ҷиддие барои пешвози Содир Ҷабборов нагирифтаанд. Танҳо чанд парчам дар назди бинои Порлумон, нишонае аз омадани мақоми баландпояи Қирғизистон ба Душанбе буд.

Бархе манобеи огоҳ гуфтанд, масъалаи марз яке аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи фардои Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов хоҳад буд.

Коршиносон бо ишора ба сард шудани равобити Душанбе ва Бишкек мегӯянд, сафари раиси ҷумҳури Қирғизистон муҳим аст.

Ба гуфтаи Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ, аҳамияти асосии сафари Ҷабборов дар он аст, ки нишон медиҳад яхи муносибатҳои байни Душанбе ва Бишкек "об шудан дорад".

“Чун то лаҳзае, ки мо дарро ба рӯи ҳамдигар кушода, гуфтугӯ накунем, мушкилот ҳал намешавад. Баъд аз ҳодисаҳои охири моҳи апрел, ҷониби Қирғизистон яктарафа марзҳояшро ба рӯий Тоҷикистон баст ва дар фазои иттилотии Қирғизистон аз Тоҷикистон агрессор ва “деви барзангӣ” сохта буданд. Ҳамин обрзаи манфие, ки барои ҳамдигар сохта буданд, ин бояд аз байн равад,"-афзуд коршинос.

Абдумалик Қодиров ҳамчунин мегӯяд, интизорӣ аз сафари Ҷабборов ба Душанбе ин ҳаст, ки ҳадди ақал марзҳо боз шуда, равуои шаҳрвандони ду кишвар аз нав оғоз мешавад.

Сафари нахустини Содир Ҷабборов қарор буд дар нимаи аввали моҳи май сурат гирад. Вале баъди муноқишаи хунин дар охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин сафар ба таъхир афтод. Бишкек ба дунболи ин муноқиша, ки дар он аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд, марзҳои худро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.

XS
SM
MD
LG