Ссылки доступа

ИМА ба гуруҳҳои рӯ ба Эрон дар Ироқу Сурия зарба зад


ИМА рӯзи якшанбе ба иншооти марбут ба гуруҳҳои мусаллаҳи рӯ ба Эрон дар ҳудуди Ироқу Сурия зарбаи ҳавоӣ зад.

Фармондеҳии Амрико гуфт, зарбаҳо ба анборҳои аслиҳа ва такягоҳҳо - дар ду макон дар Сурия ва дар як макон дар Ироқ зада шудаанд. Низомиёни амиркоӣ дар бораи кушташудаҳову захмиҳо дар натиҷаи ин зарбаҳо иттилое надоранд. Яке аз гуруҳҳо гуфт, чаҳор узваш кушта шудааст.

ИМА мегӯяд, ин зарбаҳо дар посух ба ҳамлаҳои мушакӣ ба иншооти амрикоӣ дар Ироқ зада шудааст.

Ҷо Байден, президенти ИМА баъди сари қудрат омадан бори дувум аст, ки фармони ҳамла ба ҳадафҳоро дар Ироқу Сурия медиҳад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ИМА айни замон эҳтимоли эҳёи "созиши ҳастаӣ"-ро бо Эрон баррасӣ дорад, аммо ҳамзамон ба Теҳрон паём медиҳад, ки гуруҳҳои мусаллаҳи рӯ ба Эрон набояд ба фаъолияти низомиёни амрикоӣ дар ҳудуди Ироқу Сурия дахолат кунад.

XS
SM
MD
LG