"Агар вабо намешуд, мо имконоти аз ин ҳам бештар медоштем. Барои мубориза бо коронавирус мо 80 трлн сӯм харҷ кардем. Аммо ман дар ин боб таассуф намехӯрам, зеро мо тавонистем, ки сокинонамонро ба таври максималӣ ҳифз кунем", - дар ин бора Мирзиёев рӯзи 2 июн изҳори назар карда буд.
Рӯзи 19 марти соли 2020 бо қарори Мирзиёев дар Узбекистон Бунёди зиддибуҳроние таъсис шуд, ки ба он 10 триллион сӯм (наздики 1 миллиард доллар)-и аз хориҷ қарз гирифта ворид шуд.
Рӯзи 2 июн Мирзиёев нагуфт, ки 80 триллион сӯм ё 8 миллиард доллар барои чи корҳое харҷ шудааст.
Қисми бештари маблағи мазкур бо қарори президент ва сарвазири Узбекистон ба суратҳисоби ширкатҳои инҳисорталаби олигархҳо ва мансабдорони баландпояе аз афтори президент, амсоли Очилбой Раматов, Бахтиёр Фозилов ва Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ворид шудааст. Ин иттилоъ дар манобеи боз ва дар фазои интернет нашр шудааст.