Ссылки доступа

Қирғизистон кормандони давлатиро 30 дарсад кам мекунад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фармон дар бораи коҳиши кормандони дастгоҳи давлатиро имзо кардааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, "ҳадаф аз ин иқдом муносибгардонии сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, бартараф кардани вазифаҳои такрорию нолозим ва ҳамчунин сарфаи маблағҳои буҷа ба шумор меравад, ки барои нигоҳдории дастгоҳи давлатӣ пешбинӣ шудаанд".

Тибқи фармон, 30 дарсади кормандони маъмурияти президент, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, маъмуриятҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ихтисор карда хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, ба порлумони Қирғизистон ҳам пешниҳод шудааст, ки шумори кормандони дастгоҳ ва идораи умури худро низ 30 дарсад кам кунад. Ба Додгоҳи конститутсионӣ ва додгоҳҳои шаҳру ноҳия ва вилоятҳо низ чунин тавсия ироа гаштааст.

XS
SM
MD
LG