Ссылки доступа

Муҳоҷири тоҷике, ки бо скинҳедҳои рус ҷанг кард, ҳабс шуд


Амиршоҳ Ҳусейнов, муҳоҷири тоҷик шаби 23-уми июн бо скинҳедҳои рус ҷанҷол кард

Додгоҳи Маскав ҳабси пешакии Амиршоҳ Ҳусейнов, муҳоҷири 21-солаи тоҷикро барои ду моҳ дароз кардааст.

Рӯзи 28-уми июн сафорати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба боздошти Ҳусейнов ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нота супурд ва талаби тафтиши холисонаи қазияи ӯро кард.

Наздикон ва мақомоти тоҷик Амиршоҳро ҷабрдида медонанд, вале мақомоти Русия ӯро бо гумони “авбошӣ” боздошт кардаанд.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар саҳифаи Фейсбукиаш хабар дод, ки бегоҳи рӯзи 28-уми июн як додгоҳ дар Маскав ҳукм кард, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ду моҳ дар боздошт бимонад.

Ин зодаи Тоҷикистонро, 25- уми июн барои занозании рӯзи 23-уми июн бо скинҳедҳо дар Маскав дастгир карда буданд. Ба қавли Чупик Ҳусейнов, гуноҳи худро дар авбошӣ бо истифода аз силоҳ иқрор кардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи наздиконаш, ӯ танҳо ширкатдори тасодуфии занозанӣ бо скинҳедҳо буда, дар даст ягон силоҳ надошт. Валентина Чупик мегӯяд, имрӯз вакили дифоъ аз болои қарори додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Рӯзи 28-уми июн Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз мақомоти рус тафтиши беғаразонаи ҳодисаро хостаанд. “Бо фиристодани нота бовар дорам, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия супориш медиҳад, ки ин ҳодиса холисона тафтиш шавад.”,-- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи шоҳидон, шоми 23-уми июн як гурӯҳи скинҳедҳо ё миллатгароҳои рус дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав бо шиори "Россия для русских, Москва для москвичей!" (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил кардаанд, ки дар натиҷа бо як гурӯҳ шаҳрвандони Доғистон ва шаҳрванди Тоҷикистон вориди занозанӣ шуданд.

Пулис ҳангоми боздошти ин афрод шаҳрванди Тоҷикистон, Амиршоҳ Ҳусейновро низ боздошт кардааст. Ҳарчанд миллатгароҳо аз боздошт раҳо шудаанд, вале ин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошт мондааст. Рӯзи 28-уми июн мурофиаи нахустини ин шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости адвокати ӯ ба таъхир гузошта шуд.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи инсон дар гурӯҳи фейсбукии "Мы, мигранты" навишт, ки 23-уми июн як гурӯҳи скинҳедҳо дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил карда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, шиорҳои миллатгароёнаи онҳо ба як гурӯҳи зодагони Доғистон ва Амиршоҳ Ҳусейнов хуш наомад ва онҳо бо скинҳедҳо вориди баҳс шуданд. Лидери скинҳедҳо шарт гузоштааст, ки як нафар аз тарафи муқобил барояд ва бо ӯ ҷанги тан ба тан кунад. “Аз он тараф як ҷавон баромад ва лидери скинҳедҳоро хеле зуд ва ба осонӣ чунон кӯфту ба замин зад, ки ӯ бо дастонаш чанд бор ба замин зада, тараҳҳум хост. Вале скинҳедҳо аз алами шикасти миёншикани лидерашон ба хашм омада, ҳамакаса, аз ҷумла бо таҳдид аз туфангчаи травматикӣ ба ҳамла гузаштанд.”,--навиштааст, ин ҳомии ҳуқуқ.

Пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҳамаро дастгир карданд. Вале бино ба иттилои Валентина Чупик, баъди чанде ҳамаи скинҳедҳоро озод карданд ва танҳо Амиршоҳ Ҳусейновро пушти панҷара бурданд. Эҳтимол дорад, алайҳи Амиршоҳ Ҳусейнов бо моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "авбошӣ" айб эълон кунанд. Иттиҳоме, ки дар сафорати Тоҷикистон онро ноодилона медонанд.

XS
SM
MD
LG