Ссылки доступа

Дар Қирғизистон зидди қонун дар бораи муҳофизат аз иттилои носаҳеҳ эътироз карданд


Рӯзи 30 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зидди қабули тарҳи қонун дар бораи муҳофизат аз иттилои носаҳеҳ гирдиҳамоӣ ташкил шуд.

Гирдиҳамомадагон мегӯянд, қабули чунин қонуне ба озодии баён дар Қирғизистон таҳдид мекунад.

Ин тарҳи қонун дар порлумони он кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

Тарҳи қонуни мазкурро соли гузашта ду тан аз вакилони порлумон Гулшод Асилбоева ва Айнура Осмонова таҳия карданд. Қонун аз 9 модда иборат аст ва ҳуқуқу уҳдадориҳои истифода аз Интернет, соҳибони сомонаҳо ва ширкатҳои интернетрасонро дар бар мегирад.

Сокинони Қирғизистон мегӯянд, мақомот мехоҳанд, "монеъ"-и озодии баён дар кишвар шаванд. Фаъолони Қирғизистон аз порлумон хостанд, ки тарҳи мазкурро қабул накунад.

XS
SM
MD
LG