Ссылки доступа

Пулиси Алмато занҳои эътирозгарро дар пушти дари консулгарии Чин боздошт кард


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 1 июл фаъоли ҷамъиятӣ Бойболат Кунболатулиро барои инъикоси гирдиҳамоии занон дар пушти дари консулгарии Чин дар ин шаҳр боҳдошт карданд.

"Шавҳарамро саҳар боздошт карданд. Хушдоманамро ҳам боздошт кардаву ба идораи пулис бурданд", - гуфт ҳамсари Боболат Бакит Сембайқизӣ.

Эҳтимол меравад, раиси созмони сабтиномнашудаи "Нағиз Атажурт" Бекзод Мақсудхонро низ боздошт кардаанд.

Пулис дар ин бора шарҳ надодааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи боздошти занҳое хабар дода мешавад, ки пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато ҷамъ шуда буданд.

Шуруъ аз 8 феврали соли ҷорӣ иддае аз занон пушти дари консулгарии Чин дар Алмато гирдиҳамоӣ мекунанд. Занон даъво доранд, ки пайвандонашон дар Шинҷони Чин боздошту зиндонӣ шудаанд ва ҳаққи берун шудан аз Чинро надоранд. Онҳо талаб дорад, ки пайвандонашон озод карда шаванд.

XS
SM
MD
LG