Бо оғози фасли боронгариҳо дар Ҳиндустони мушкили наве ба миён омадааст. Ҷасадҳои қурбониёни коронавирус дар рӯдхонаи Ганг мушоҳида мешавад. Онҳо ҷасади афроде ҳастанд, ки баҳори имсол бар асари вируси нав ҷон бохтанд, вале наздикону пайванданашон натавонистанд онҳоро сари вақт сӯзонанд. Хонаводаҳои камбизоат ҷасади пайвандони худро дар дарё андохтанд ё дар лаби соҳил гӯронданд.
Мақомоти шаҳри Аллоҳободи Ҳиндустон мегӯянд, танҳо дар давоми се ҳафтаи ахир 150 ҷасадро аз Ганг берун оварда, сӯзондаанд.
Ба гуфтаи Дипин Кумар, сокини Аллоҳобод, "бархеҳо ҷасади пайвандони худро ба рӯдхона мепартоянд ва об онҳоро мебарад. Дар баробари ин, дар пайи болоравии сатҳи оби дарё ҷасадҳое низ ба рӯдхона меафтанд, ки дар лаби соҳил чуқур гӯронида нашудаанд.
Мақомоти Аллоҳобод мегӯяд, дар давраи авҷи шуюи коронавирус эҳтимол дорад, ҷасади то 600 кас дар соҳили Ганг дафн шуда бошад. Ҳиндустониҳо одатан ҷасади пайвандони худро сӯзонида, хокистари онро ба об мепартоянд. Ин маросим то 100 доллари амрикоӣ хароҷот дорад ва на ҳама хонаводаҳо тавони пардохти онро доранд.