Ссылки доступа

Сармояи Бунёди рушди Қирғизистону Узбекистонро то ба $200 млн расониданианд


Порлумони Қирғизистон 30 июн тасвиби Созишномаи таъсиси Бунёди рушди ин кишвар бо Узбекистонро баррасӣ кард, ки 50 миллион доллар сармояи оинномавии онро ҷониби Тошканд хоҳад дод.

Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ба тадриҷ ҳаҷми сармояи оинномавии бунёдро то ба 200 миллион доллар расонанд. Қароргоҳи бунёди мазкур дар шаҳри Бишкек хоҳад буд.

Бино ба хабарҳои расмӣ, вазифаи бунёд сармоягузории лоиҳаҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Қирғизистон, аз ҷумла дар бахшҳои агросаноатӣ, нассоҷӣ, саноати маъдан ва металлургӣ аст. Ҳамчунин бунёд ба онҳое қарз хоҳад дод, ки дар соҳаҳои нақлиёт, бунёди манзилҳои зист, савдо, энергетика ва сайёҳӣ фаъолият мекунанд.

Созишномаи ташкили бунёдро порлумони Узбекистон моҳи марти соли равон ба тасвиб расонда буд. Тасмими ташкили бунёди муштарак байни ду кишвар ҳанӯз соли 2017 гирифта шуда буд.

XS
SM
MD
LG