Ссылки доступа

Қонуни нави афв. Хонаҳо ва дороиҳои ғайриқонунӣ қонунӣ мешаванд


Дар Тоҷикистон қонуни афви амвол қабул шуд, ки бар асоси он шаҳрвандон метавонанд хонаҳои беиҷозат бунёшуда ва дороиҳои дар хориҷа доштаашонро ба Тоҷикистон оварда қонунӣ кунанд.

Афви амвол яке аз ваъдаҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Порлумон буд. Мақомот умед доранд, ки бо афви амвол ба иқтисоди кишвар маблағи изофӣ ворид мешавад, аммо бархеҳо ба ин шубҳа доранд.

Қонун дар бораи афви амвол рӯзи 30-уми июн аз сӯи Маҷлиси намояндагон қабул шуд ва ҳанӯз расман нашр нашудааст. Радиои Озодӣ нусхае аз қонуни қабулшударо ба даст овард, ки бар асоси он афв ва қонунӣ кардани амволи зерин пешбинӣ шудааст:

  • металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бидуни риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷ шудаанд;
  • коғазҳои қимматнок, саҳмия дар сармояи оинномавии корхонаҳо, инчунин ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки берун аз ҳудуди кишвар ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ дорад;
  • молу мулки ғайриманқул (манзил Р.О)-и худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда;
  • маблағҳое, ки дар Тоҷикистон ё берун аз он дар шакли нақдӣ ё ғайринақдӣ қарор доранд;

Қонуни нав барои афви амвол, баъзе маҳдудиятҳоеро ҳам пешбинӣ кардааст. Бар асоси қонун, маблағ ва дороиҳои зерин ба афв шомил намешаванд:

  • маблағҳои ба сифати қарз гирифтаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва дороиҳои ба маблағи қарз харидоринамудаи онҳо;
  • дороиҳо ва маблағҳое, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон муомилоташон маҳдуд гардидааст ё аз муомилот гирифта шудаанд;
  • дороиҳое, ки қарори додгоҳ барои мусодира шуданашон содир шудааст;
  • дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳое, ки тавсияҳои Созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул (FATF) ба таври дахлдор татбиқ намешаванд;

Қонун дар бора афви амвол аз сӯи Маҷлиси намояндагон қабул шуда, бояд Маҷлиси миллӣ аз он тарафдорӣ ва раиси ҷумҳур зераш имзо гузорад. Баъди амалӣ шудани ин тартиб, давоми 12 моҳ шаҳрвандон метавонанд амволи ғайриқонунии худро ба расмият дароранд.

Мавзӯи афви амвол дар Тоҷикистон бештар ба хотири қонунӣ кардани манзилҳои беиҷозат сохташуда, миёни сокинон мароқангез аст. Мақомот мегӯянд, ҳазорҳо сокини кишвар солҳо боз дар хонаҳои бидуни ҳуҷҷати расмӣ зиндагӣ доранд. Сокинон гуфтаанд, ки санади манзилашонро аз сӯи ниҳодҳои маҳаллӣ гирифтаанд, вале бо ин вуҷуд, бо далели ғайриқонунӣ будани сохтмон дар ҷамоатҳо сабт нашудаанд.

Қонуни нави афви амвол пешбинӣ кардааст, ки шаҳрвандон “молумулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаро бо роҳи пешниҳоди ариза метавонанд қонунӣ гардонанд.” Вале қонун барои қонунӣ кардани манзилҳои худсарона сохташуда чанд шартро ҳам пешбинӣ кардааст:

  • агар қитъаи замини зери сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон барои чунин мақсад ҷудо шуда бошад;
  • нигоҳ доштани манзил ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон накунад;
  • ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгирбуда таҳдид накунад;

Мақомот умед доранд, ки бо афви амвол ба иқтисоди кишвар маблағҳои иловагӣ ворид мешавад. Ҳарчанд бархеҳо ба ин шубҳа доранд.

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ рӯзи 30-юми июн дар порлумон гуфт, ҳадаф аз қонуни афви амвол “фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби маблағҳои шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ” аст.

Холиқзода ҳамчунин гуфт, барои онҳое, ки дороиҳои худро қонунӣ мекунанд, имтиёзҳое ҳам пешбинӣ шудааст. Тибқи қонун, нафароне, ки дороиҳои худро қонунӣ мекунанд, давоми се соли аввал аз пардохти андоз, фоиз ва ҷаримаҳо озод карда мешаванд. Вале ин муқаррарот ба молу мулки ғайриманқул ё манзилҳои ғайриқонунӣ сохташуда рабт намегирад.

Умеди мақомот аз қонуни афв дар ҳолест, ки бархеҳо ба ворид шудани миллионҳо сомонӣ ба иқтисоди кишвар дар пайи афви амвол шубҳа доранд. Рӯзи 30-юми июн як вакили Маҷлиси намояндагон, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, ба гумон аст, ки ҳамаи шаҳрвандон ба мақомот бовар карда, амволи пинҳонии худро ошкор ва қонунӣ кунанд.

Вале мақомот ваъда додаанд, ки сокинон танҳо бо пардохти 600 сомонӣ ба будҷа метавонанд, молу мулки аз расмиёт берунмондаи худро қонунӣ намоянд.

Як бахши асосии қонуни нави афви амвол ба маблағ ва дороиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа рабт мегирад, ки мақомот ваъда додаанд, дар сурати овардани маблағҳо ба кишвар онҳоро ба расмият медаронанд. Дар Тоҷикистон кам нафарон эътироф мекунанд, ки дар хориҷи кишвар маблағҳои калон доранд. Вале расонаҳо дар бораи чандин шаҳрвандони Тоҷикистон хабар додаанд, ки маблағҳои бузургро дар минтақаи оффшор нигоҳ медоранд. Яке аз нафароне, ки номаш дар робита ба минтақаи оффшор расонаӣ шуд, Зарифбек Давлатов, домоди президенти Тоҷикистон аст. Ширкати IRS, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқро ба уҳда дорад, дар оффшор сабт шудааст ва моликонаш маълум нест. Бархеҳо ин ширкатро ҳам ба наздикони раиси ҷумҳур рабт медиҳанд, ҳарчанд мақомот инро рад кардаанд.

Ҳоло маълум нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа бахусус дар оффшорҳо маблағҳои калон доранд, омода ҳастанд, ки пулҳои худро дар доираи қонуни нави афви амвол, ба расмият дароранд.

Хайрулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик қаблан дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, соҳибкороне, ки сармояи худро аз Тоҷикистон хориҷ карданд, пас аз эълони чунин афве ҳам ба гумон аст, ки дубора ҳозир шаванд, сармояҳои худро ба кишвар баргардонанд.

Ба гуфтаи Мирсаидов, “ин афв бештар ба мансабдорон ва наздикони президент нигаронида шудааст, то сармояҳоеро, ки дар хориҷа нигоҳ медоранд, ба кишвар бозгардонанд. Чун ҷомеаи байналмилалӣ ҳисобҳои бонкии он шахсонеро, ки аз ҳисоби пора онро ба даст овардаанд, баста истодааст".

Дар 30 соли истиқлолият ин бори дуввум аст, ки дар Тоҷикистон афви молу амвол сурат мегирад. Пеш аз ин Тоҷикистон соли 2007 чунин маъракаро гузаронда буд.

XS
SM
MD
LG