Ссылки доступа

Ду кӯдаку як зан дар Алмато дар чоҳе афтодаву фавтиданд


Сокини шаҳри Алматои Қазоқистон бо ду наберааш дар чоҳи ҳоҷатхонае афтодаву фавтиданд. Падари кӯдакон дар беморхона бистарӣ шудааст. Ин ҳодиса шоми 1 июл дар шаҳри Алмато рух дод.

Пулиси Алмато гуфт, як кӯдаки соли таваллудаш 2020 дар чоҳ афтода ва бародари вай соли таваллудаш 2009 бо модарбузурги онҳо, соли таваллудаш 1955 талош кардаанд, ки кӯдаки хурдсолро аз чоҳ берун оранд. Аммо онҳо низ дар чоҳ афтодаанд. Падари кӯдакон, соли таваллудаш 1980 талош кардааст, ки кӯдакон ва модарашро аз чоҳ берун орад, вале аз ҳуш рафтааст.

Дар ин ҳодиса танҳо падари кӯдакон зинда мондааст.

Ба иттилои пулис, эҳтимол дорад, ки кӯдаки хурдсол ҳангоми бозӣ дар кӯча дар чуқурии ҳоҷатхона афтодааст.

XS
SM
MD
LG