Ба ин тартиб, Молдокматов то 6 сентябр дар ҳабс мемонад.
Молдокматовро рӯзи 6 май бо гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ боздошт карданд. Вакилони мудофеи вай аз додгоҳ хостанд, ки Молдокматов дар марҳилаи тафтишот дар ҳабси хонагӣ бошад, аммо додгоҳ ин дархостро рад кард.
Вакилони мудофеъ боздошти фаъоли ҷамъиятиро таъқиби сиёсӣ унвон мекунанд.