Ссылки доступа

Толибон Хоҳонро гирифтанд. 94 сарбози афғон дар Тоҷикистон паноҳ ҷустанд


Марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро рӯди Панҷ ҷудо мекунад

Мақомоти тоҷик аз ақибнишинии 94 низомии афғон ба хоки Тоҷикистон хабар доданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороте гуфтаааст, ки низомиён шоми 4-уми июл тариқи мавзеи Шоҳони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) вориди хоки Тоҷикистон шуданд. Ин ноҳия дар рӯ ба рӯи ноҳияи Хоҳони Бадахшони Афғонистон ҷойгир аст ва онро як пули бузург бо Тоҷикистон мепайвандад.

“Соати 18:00-и рӯзи 4-уми июли соли 2021, гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати “Толибон” вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бидуни амалиёти ҷангӣ ишғол намуданд.”,--гуфта шудааст дар изҳороти КДАМ.

Дар як моҳи ахир ин бори чорум аст, ки низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд, ки теъдоди онҳо дар умум ба беш аз 545 нафар расидааст. Рӯзи 3-уми июл низ аз тариқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин беш аз 300 низомии афғон вориди Тоҷикистон шуданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, “бо зоҳир кардани ҳусни башардӯстӣ ва муносибати неки ҳамсоядорӣ ба низомиёни нерӯҳои давлатии Афғонистон” иҷозаи вуруд додаанд.

Дар изҳороти охири Қушунҳои марзбонии КДАМ гуфта мешавад, ки дар пайи даргириҳо эҳтимоли ақибнишинии низомиёни дигари афғон низ вуҷуд дорад.

Вазъ дар марз бо Афғонистон нигаронкунада хонда мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон рӯзи 4-уми июл дар бораи ақибнишинии низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон суҳбат кардааст.

Ӯ дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои афғони худ вазъ дар кишвари ҳамсояро ташвишовар хондааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат намекунад ва аз талошҳои сулҳ дар ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Дар ду моҳи ахир, пас аз онки ИМА эълон кард, ки аз рӯзи 1-уми май сарбозонашро аз Афғонистон берун мекунад, Толибон ҳамлаҳоро бештар карданд ва идораи даҳҳо ноҳияро дар ин кишвар аз дасти ҳукумат гирифтанд. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон беш 1400 километр хатти марз дорад, нерӯҳояшро ба ҳолати омодабош даровардааст. Толибон дар ду моҳи ахир ҷангҳоро бештар кардаанд ва чандин ноҳия дар марз бо Тоҷикистонро тасарруф намудаанд.

XS
SM
MD
LG